меню

Аъмоли ҳаввориён 15 Боб

гузариш зуд:

1 Сипас баъзе касон аз сарзамини Яҳудия ба Антокия омада, имондоронро чунин таълим доданд: «Агар мувофиқи расму ойини Мусо хатна нашавед, наҷот намеёбед».

2 Ин сабаб шуд, ки дар байни онҳо ва Павлусу Барнаббо баҳсу мунозираи зиёд ба миён омад. Оқибат ба Павлусу Барнаббо ва якчанд имондорони дигар супориш доданд, ки барои ҳалли ин масъала назди фиристодагону роҳбарони ҷамоат ба Уршалим раванд.

3 Ҳамин тавр онҳо аз ҷониби ҷамоат фиристода шуда, ба роҳ даромаданд. Ҳангоми аз Финиқия ва Сомара гузаштанашон онҳо дар бораи имон овардани ғайрияҳудиён ба имондорон нақл карданд. Ин хабар ба дили ҳамаи онҳо хурсандии бузург бахшид.

4 Вақте ки Павлусу Барнаббо бо ҳамроҳонашон ба Уршалим расиданд, ҷамоати имондорон ва фиристодагону роҳбарон онҳоро қабул карданд. Онҳо дар бораи ҳамаи корҳое, ки Худо ба воситаашон карда буд, нақл намуданд.

5 Аммо якчанд намояндагони равияи фарисӣ, ки имон оварда буданд, бархоста, чунин гуфтанд: «Ғайрияҳудиёнро лозим аст, ки хатна шаванд ва ба онҳо амр карда шавад, ки шариати Мусоро риоя намоянд».

6 Сипас барои ҳалли ин масъала фиристодагон ва роҳбарон ҷамъ омаданд.

7 Баъди муҳокимаҳои дурудароз Петрус аз ҷо бархеста, гуфт: «Бародарон! Чунон ки медонед, чанде пеш Худо аз байни шумо маро интихоб намуд, то ки аз даҳони ман ғайрияҳудиён низ хушхабарро шунида, имон оваранд.

8 Худо дили одамонро медонад. Ӯ ба ғайрияҳудиён ҳам Рӯҳулқудсро ато намуд, мисли он ки ба мо дода буд. Ҳамин тавр, Худо шаҳодат медиҳад, ки онҳоро низ қабул мекунад.

9 Азбаски Худо дили ғайрияҳудиёнро ҳам ба воситаи имон пок кардааст, дар байни мову онҳо фарқе намегузорад.

10 Пас, чаро шумо Худоро озмуда, ба гардани имондорон кореро бор мекунед, ки онро на падаркалонҳоямон иҷро карда тавонистанду на мо?

11 Охир, мо бовар дорем, ки аз файзу меҳрубонии Худованд Исо наҷот меёбем. Онҳо низ ҳамин тавр наҷот ёфтаанд».

12 Инро шунида, ҳама хомӯш шуданд ва ба нақли Барнаббову Павлус гӯш доданд. Онҳо ба ҳозирон дар бораи муъҷизаву аломатҳое, ки Худо ба воситаи онҳо дар байни ғайрияҳудиён кард, ҳикоят намуданд.

13 Чун суханашон ба охир расид, Яъқуб гуфт: «Бародарон, ба ман гӯш кунед!

14 Шимъун фаҳмонд, ки чӣ тавр Худо аввал ба ғайрияҳудиён ғамхорӣ намуда, аз байни онҳо барои Худ халқе ба вуҷуд овард.

15 Суханони пайғамбарон ҳам ба ин мувофиқанд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст:

16 „Баъд аз ин Ман баргашта подшоҳии харобшудаи шоҳ Довудро барқарор месозам. Вайронаҳои онро соз мекунам ва аз нав бунёд менамоям,

17 то ки ҳама халқҳои дигар, яъне ҳамаи ғайрияҳудиён, ки аз они Мананд, Маро биҷӯянд, – мегӯяд Худованд“».

18 Яъқуб суханашро давом дод: «Худо ин чизҳоро аз рӯзҳои қадим маълум кардааст.

19 Бинобар ин қарор мекунам, ки роҳи ба Худо рӯй овардани ғайрияҳудиёнро душвор накунем.

20 Танҳо ба онҳо нависем, ки аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва аз гуноҳи ҷинсӣ худдорӣ намоянд.

21 Зеро шариати Мусоро аз рӯзҳои қадим дар ҳар шаҳр таълим медиҳанд ва ҳар рӯзи шанбе дар ҷамоатхонаҳо мехонанд».

22 Сипас фиристодагону роҳбарон бо тамоми аҳли ҷамоат қарор карданд, ки аз байни худ якчанд касро интихоб намуда, ҳамроҳи Павлусу Барнаббо ба шаҳри Антокия фиристонанд. Ҳамин тавр онҳо ду марди иззатмандро интихоб карданд: Яҳудои лақабаш Барсаббо ва Силоро.

23-29 Сипас номаи зеринро навишта, ба дасти онҳо супурданд: «Салом аз номи бародарон – ҳам фиристодагон ва ҳам роҳбарон ба имондорони ғайрияҳудӣ, ки дар шаҳри Антокия ва вилоятҳои Сурияву Киликия ҳастанд. Мо шунидем, ки аз байнамон баъзе касон рафта, сари шуморо бо суханонашон гаранг кардаанду дилатонро нороҳат сохтаанд. Аммо мо онҳоро нафиристодаем. Бинобар ин мо ҳама ба як қарор омадем, ки аз байни худ якчанд касро интихоб намуда, ҳамроҳи бародарони азизамон Барнаббо ва Павлус ба наздатон фиристем. Онҳо ба хотири номи Худовандамон Исои Масеҳ, аз баҳри зиндагии худ гузаштаанд. Инак, мо Яҳудо ва Силоро ба наздатон мефиристем, то ки навиштаи моро бо сухан тасдиқ намоянд. Ба Рӯҳулқудс ва ҳамчунин, ба мо писанд омад, ки ба ғайр аз ин чизҳои зарурӣ ба гардани шумо бори дигаре нагузорем: аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва гуноҳи ҷинсӣ дур шавед. Агар худро аз ҳамин чизҳо нигоҳ доред, кори хуб мекунед. Хайр, нағз монед!»

30 Фиристодагон пас аз гусел шуданашон, ба шаҳри Антокия рафтанд. Дар он ҷо ҳамаи имондоронро ҷамъ намуда, номаро ба онҳо супурданд.

31 Мардум номаро хонда, аз суханони рӯҳбахш хурсанд шуданд.

32 Яҳудо ва Сило, ки худашон ҳам пайғамбар буданд, бо суханони худ, имондоронро хеле рӯҳбаланд ва устувор намуданд.

33-34 Пас аз он ки муддате дар он ҷо буданд, имондорон онҳоро бо хушӣ ба назди фиристодагонашон гусел карданд.

35 Аммо Павлусу Барнаббо дар шаҳри Антокия монданд. Онҳо ҳамроҳи нафарони зиёд ба мардум каломи Худовандро таълим медоданду нақл мекарданд.

36 Пас аз чанд рӯз Павлус ба Барнаббо гуфт: «Биё, баргашта, ба шаҳрҳое равем, ки дар он ҷо каломи Худовандро эълон карда будем ва имондоронро хабар гирифта, бинем, ки чӣ ҳол доранд».

37 Барнаббо хост, ки Юҳаннои лақабаш Марқӯсро бо худ баранд.

38 Лекин Павлус розӣ нашуд, чунки Юҳанно дар вилояти Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дигар ҳамкорӣ накарда буд.

39 Чунин норозигии сахт сабаб шуд, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Барнаббо бо худ Марқӯсро гирифта, дар киштӣ ба ҷазираи Қиприс рафт.

40 Павлус бошад, Силоро бо худ гирифт ва чун имондорон ӯро ба файзу меҳрубонии Худованд супурданд, ба роҳ даромад.

41 Ӯ аз вилоятҳои Сурия ва Киликия гузашта, ҷамоатҳоро устувор мекард.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28