меню

Аъмоли ҳаввориён 24 Боб

гузариш зуд:

1 Баъди панҷ рӯз Ҳанониёи саркоҳин ҳамроҳи баъзе пирон ва Тартуллус ном ҳуқуқшинос омада, аз Павлус ба ҳоким шикоят карданд.

2 Вақте ки Павлусро гирифта оварданд, Тартуллус ба айбдоркунӣ сар карда гуфт: «Феликси олимақом! Бо роҳбарии шумо муддати дароз аст, ки мо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунем ва чорабиниҳои шумо ба халқи мо беҳбудиҳои зиёд бахшидаанд.

3 Мо дар ҳама ҷо тамоми некиҳои шуморо бо миннатдорӣ ёд мекунем.

4 Ҳоло, барои он ки шуморо зиёд заҳмат надиҳам, меҳрубонӣ намуда, арзи кӯтоҳи моро шунавед.

5 Мо дарёфтем, ки ин одам шӯрандоз буда, дар байни ҳамаи яҳудиёни олам ошӯб меангезад. Ҳамчунин, вай роҳбари ҳизби носирӣ мебошад.

6 Ӯ ҳатто хост, ки маъбади Худоро ҳаром кунад, лекин мо ӯро дастгир кардем.

7-8 Вақте ки ӯро дар бораи ҳамаи ин чизҳо пурсуҷӯ мекунед, худатон мефаҳмед, ки барои чӣ мо ӯро айбдор мекунем».

9 Яҳудиён низ суханони Тартуллусро тарафдорӣ намуда гуфтанд, ки ҳамаи ин гап рост аст.

10 Ҳоким Феликс ба Павлус ишора намуд, ки гап занад. Павлус ҷавоб дод: «Ман медонам, ки шумо солҳои зиёд ин халқро доварӣ мекунед. Бинобар ин метавонам дилпурона худро дар пеши шумо сафед кунам.

11 Ман дувоздаҳ рӯз пеш ба Уршалим барои парастиш омадам, шумо худатон инро тафтиш карда метавонед.

12 На дар маъбади Худо, на дар ҷамоатхонаҳо ва на дар кӯчаҳои шаҳр айбдоркунандагонам маро надидаанд, ки бо касе баҳс карда бошам ё мардумро ба шӯр андохта бошам.

13 Ҳама чизҳое, ки маро дар он айбдор намуда, ба шумо мегӯянд, беасос аст.

14 Лекин ба шумо росташро мегӯям, ман мувофиқи Роҳи Худованд, ки яҳудиён онро ҳизб меноманд, ба Худои падаронамон хизмат мекунам. Ҳамчунин ба ҳама чизе, ки дар шариати Мусову навиштаҷоти пайғамбарон аст, бовар мекунам.

15 Ман ба Худо умед бастаам, чунон ки онҳо низ умедворанд, ки ҳам росткорону ҳам бадкорон баъди мурдан зинда хоҳанд шуд.

16 Бинобар ин ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар назди Худову одамон виҷдони пок дошта бошам.

17 Ҳоло баъди чандин сол омадам, то ки ба камбағалони халқам кумаки пулие расонам ва қурбониҳо кунам.

18 Ҳангоме ки дар маъбади Худо маросими покшавиро ба анҷом расондам ва дар наздам на мардум буданду на ғавғо, ин одамон маро ёфтанд.

19 Дар он ҷо баъзе яҳудиёни вилояти Осиё буданд ва агар бар зидди ман чизе медоштанд, мебоист ба назди шумо омада, маро айбдор мекарданд.

20 Ё худи инҳо гӯянд, вақте ки дар пеши шӯрои пирон меистодам, барои кадом ҷиноят маро айбдор ёфтаанд.

21 Шояд айби ман дар он буд, ки дар назди онҳо чунин фарёд задам: „Имрӯз шумо маро барои умеди зиндашавии мурдагон ҳукм мекунед“».

22 Сипас Феликси ҳоким, ки дар бораи Роҳи Худованд маълумоти бештар дошт, муҳокимаро ба вақти дигар монда гуфт: «Вақте ки мириҳазор Лисиёс меояд, ман масъалаи шуморо дида мебароям».

23 Ҳамчунин, ба мирисад фармуд, ки Павлусро посбонӣ кунад, лекин каме озодӣ бахшад ва иҷозат диҳад, ки дӯстонаш ба ӯ хизмат кунанд.

24 Баъди чанд рӯз Феликс бо ҳамсараш Друсилла, ки яҳудӣ буд, омад. Феликс Павлусро даъват карда, суханашро дар бораи имон ба Исои Масеҳ гӯш кард.

25 Аммо вақте ки Павлус дар бораи росткорӣ, худдорӣ ва рӯзи қиёмат мегуфт, Феликсро тарс фаро гирифт. Ӯ гуфт: «Ҳоло ба ту ҷавоб, чун вақт ёбам, туро боз даъват мекунам».

26 Феликси ҳоким умедвор буд, ки Павлус ба ӯ пора медиҳад, бинобар ин зуд-зуд Павлусро даъват карда, бо ӯ суҳбат меорост.

27 Аммо баъди ду сол ба ҷойи ҳоким Феликс ҳокими нав Поркиюс Фестус таъйин шуд. Азбаски Феликс ба яҳудиён писанд омадан мехост, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28