1 Он рӯзҳо дар баробари зиёд шудани шумораи шогирдон мушкиле ба миён омад. Яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни таҳҷоӣ шикоят карданд, ки онҳо ҳангоми тақсими хӯроки ҳаррӯза бевазанони юнонизабонро ба назар намегиранд.
2 Барои ҳамин дувоздаҳ фиристода ҳамаи шогирдонро ҷамъ намуда гуфтанд: «Агар мо паҳн кардани каломи Худоро як сӯ монда, бо тақсими хӯрок машғул шавем, дуруст намешавад.
3 Бародарон, бинобар ин аз байни худ ҳафт каси некном ва пур аз Рӯҳу ҳикматро интихоб намоед, то ки ин вазифаро ба дӯши онҳо гузорем.
4 Мо бошем, бо дуову таълим ва мавъизаи калом машғул шавем».
5-6 Ин пешниҳод ба тамоми ҷамъомадагон писанд омад. Пас онҳо ҳафт касро интихоб намуда, ба назди фиристодагон оварданд. Инҳо Истефанус, шахси пур аз имон ва Рӯҳулқудс, инчунин, Филиппус, Прӯхурус, Никонӯр, Тимӯн, Парминос ва Никӯлоус буданд. Никӯлоус аз шаҳри Антокия буда, дини яҳудиро қабул карда буд. Фиристодагон дастҳояшонро бар онҳо ниҳода, дуо карданд, яъне онҳоро ба хизмат таъйин намуданд.
7 Ҳамин тавр каломи Худо паҳн мешуд ва дар Уршалим шумораи шогирдон босуръат меафзуд. Ҳатто аз миёни коҳинон нафарони зиёде ба Исои Масеҳ имон оварданд.
8 Истефанус марде пур аз файзу меҳрубонӣ ва қуввати Худо буд. Ӯ дар байни мардум муъҷизоту аломоти бузург нишон медод.
9 Дар он ҷо аз шаҳрҳои Қайравон ва Искандария одамоне буданд, ки ба ҷамоатхонаи Озодон тааллуқ доштанд. Онҳо бо Истефанус баҳс карданд. Ба ин баҳс баъзе одамони вилоятҳои Киликия ва вилояти Осиё ҳамроҳ шуданд.
10 Аммо ба Рӯҳу ҳикмати сухани вай муқобилат нишон дода натавонистанд.
11 Сипас онҳо ба чанд кас пинҳонӣ пора дода гуфтанд, ки чунин бигӯянд: «Мо худ шунидем, ки Истефанус бар зидди Мусо ва Худо сухани куфромез мегуфт».
12 Ҳамин тавр онҳо мардум ва пирони қавму устодони шариатро бар зидди вай шӯр андохтанд ва Истефанусро дастгир намуда, пеши шӯрои пирон оварданд.
13 Сипас шоҳидони бардурӯғро даъват намуданд, ки чунин гуфтанд: «Ин одам ҳамеша бар зидди ин маъбади пок ва шариати Мусо сухан меронад.
14 Мо худамон шунидем. Ӯ мегуфт, ки Исои Носирӣ маъбади Худоро вайрон мекунад ва расму ойинеро, ки Мусо ба мо додааст, тағйир медиҳад».
15 Ҳангоми ин сухан бошандагони шӯрои пирон бодиққат ба Истефанус нигариста, диданд, ки рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта медурахшид.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28